Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил менамояд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти вазорати мазкур, ярмаркаҳо 18, 19 ва 20 март дар бозорҳои калони кишвар доир мегарданд. Чунин ярмарка дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе низ гузаронида мешавад. Назар ба иттилои манбаъ, дар ярмаркаҳо нархи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба нархи бозор хеле арзон мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






