Ёддошти ҳусни тафоҳум

Март 26, 2012 08:34

Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси сохтмони хатти роҳи оҳан, интиқоли энергия (нафт, газ ва барқ) ва об. Бо иноят ба ҳамкориҳои густурда ва равобити дӯстона ва бародарона миёни се кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раисони Ҷумҳурии ин кишварҳо пас аз баҳсу баррасӣ атрофи чигунагии афзоиши сатҳи ҳамкориҳои байни се кишвар дар заминаи нақлиёти роҳи оҳан, энергия (нафт, газ ва барқ) ва об, бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди имкониятҳои бисьёр фаровон дар ин бахшҳо дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ки густариши ҳамкорӣ дар онҳо сабаби тавсеаи ҳарчӣ бештари умури зербиноӣ ва ҳамчунин таъмиқи равобити байни онҳо хоҳад шуд, тавофуқ намуданд: 1. Се кишвар ба таври муштарак нисбат ба имконсанҷӣ ва баррасиҳои фаннӣ дар иҷрои тарҳҳои зерин иқдоми лозимро анҷом диҳанд: А) Сохтмони хатти роҳи оҳан аз Эрон ба Афғонистон ва Тоҷикистон. Б) Сохтмони хатҳои интиқоли энергия (нафту маҳсулоти нафтӣ ва газ) аз Эрон ба Афғонистон ва Тоҷикистон, ва ?амчунин пайвасти хат?ои бар?ии се кишвар. В) Сохтмони хатҳои интиқоли оби Тоҷикистон ба Эрон аз тари?и Афғонистон. 2. Се кишвар дар аввалин фурсат пас аз имзои ин Ёддошти тафоҳум аъзои комиссияи махсуси иҷрои тарҳҳои номбурдаро муаррифӣ хо?анд кард. Аввалин нишасти комиссияи муштарак пас аз ду моҳ аз имзои ин Ёддошти тафоҳум дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд. Таърихи нишаст аз тариқи каналҳои дипломатӣ эълон хоҳад шуд. 3. Дигар кишварҳои алоқаманд низ метавонанд ба тарҳҳои номбурда ?амро? шаванд. 4. Комиссияи муштарак баррасиҳои техникӣ ва молиявии худро нисбат ба таъмини маблағҳои тарҳҳои ёдшуда анҷом хоҳанд дод. 5. Комиссияи муштарак барои ҷалби иштироки Марказҳо ва муаcсисаҳои муҳими байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки Исломии Рушд, Бонки Рушди Осиёӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва ғайра барои таъмини мабла??ои тар?ҳои номбурда иқдом хоҳанд намуд. Ин Ёддошти тафоҳум дар таърихи 25 марти соли 2012 баробар бо 6 фарвардини соли 1391 шамсӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар се нусха ба забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ имзо гардид. Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Карзай Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Маҳмуд Аҳмадинажод Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон

Март 26, 2012 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд