Заминаҳои рушди Афғонистон
Душанбе, 26 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз, 26 марти соли 2012 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе панҷумин конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-V) оғоз меёбад. Интизор меравад, ки дар кори он сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон, намояндагони 40 кишвари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва беш аз 30 созмони байналмилалӣ ширкат намоянд. Конфронс муддати ду рӯз: 26- 27 март идома ёфта, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодӣ ва таҷдиди инфрасохтории Афғонистон, хусусан бахши энергетика ва нақлиёт, тавсеаи соҳибкорию тиҷорат ва соири масъалаҳои марбут ба пешрафти ин кишвар баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар доираи баргузории конфронс бо иштироки доираҳои тиҷоратии Афғонистон Анҷумани соҳибкорон ва намоишгоҳи байналмилалии иқтисодию тиҷоратии соҳибкорони Афғонистон дар Душанбе дар назар аст. Бояд тазаккур дод, ки конфронси чоруми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA) соли 2010 дар Истанбул доир гардида буд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






