Зарари табиӣ ба сохтори кишоварзӣ
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Номусоид омадани мавсими кишти тирамоҳии соли 2011 ва баҳории соли 2012 ба кори кишоварзон хисороти зиёд овард. Кишти зироати кишоварзӣ дар ин муддат ба тарзи зарурӣ иҷро нагардид,- иброз дошт муовини вазири кишоварзӣ Сиҷоуддин Исроилов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти С.Исроилов, гурӯҳи кории Вазорати кишоварзӣ муайян намудааст, ки захираи гандуму картошкаи тухмӣ барои кишти соли 2012 басанда нест. Дар айни замон ҳамагӣ 38 ҳазор тонна гандуми тухмӣ ва 52 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира шудааст. Дар акси ҳол барои кишти баҳорӣ 43,8 ҳазор тонна гандуми тухмӣ ва 77 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ зарур аст. Вазорат барои таъмини тухмӣ бо чанд ширкати давлатҳои хориҷӣ гуфтушунид анҷом додааст ва рӯзҳои наздик натиҷаи он маълум хоҳад шуд. Дар айни замон бо истифода аз захираҳои дохилӣ кишти баҳорӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






