Жоао Авеланж бемор аст
Душанбе, 20 март. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Собиқ президенти ФИФА Жоао Авеланжи бразилиягӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба беморхона оварда шуд. Алҳол маълумоти дақиқ дар бораи бемории ӯ ба даст нарасидааст. Соли гузашта Авеланж бо сабаби беморӣ аз ҳайати Кумитаи байналмилалии олимпӣ баромада буд, вале ВАО сабаби аз Кумита рафтани ӯро иштирок дар аъмоли коррупсионӣ дар мавриди фурӯхтани пахши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳон дар соли 1990 маънидод мекунанд. Авеланж аз соли 1974 то соли 1998 дар вазифаи президенти ФИФА қарор дошт. Ӯ ҳоло 95 сола аст ва ӯро дар ин вазифа Зепп Блатер иваз кардааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






