Зимистони дарози Баҷӯ ва Хуф
Хоруғ, 7 март. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Зимистони имсола дар баробари дигар манотиқи ВМКБ барои бархе аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Рӯшон мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Бар асари боришоти зиёд ҳаракати нақлиёт сӯи деҳаҳои баландкӯҳи ноҳия муваққатан қатъ гардид. Дар водиҳои Баҷӯ ва Хуф он қадар барф борид, ки баландиаш якуним метро ташкил медиҳад.Аз ин лиҳоз ҳоло ба сокинони ин мавзеъҳо лозим меояд, ки барои пешбурди рӯзгорашон 12 километр роҳро пиёда ё савора тай карда, ба маркази ҷамоати деҳот раванд.Тавре аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хабар доданд, барои ҳалли мушкилоти деҳотиён чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






