Ғолибони мусобиқаи баскетбол ва самбо киҳоянд?
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар шаҳри Истаравшан бозиҳои варзишии ҷавонони вилояти Суғд аз рӯи намуди баскетбол ҷамъбаст гардид. Дар чорабинӣ дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Ашт, Истаравшан, Ҷ.Расулов, Қайроққум, Конибодом, Спитамен, Шаҳристон ва Зафаробод ширкат варзиданд.Дар натиҷа байни писарон варзишгарони дастаи шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷои якум, дастаи шаҳри Истаравшан ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов ба мақоми сеюм ва байни духтарон варзишгарони дастаи шаҳри Хуҷанд ба гирифтани ҷои якум, дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Спитамен ба мақоми сеюми мусобиқаи мазкур сазовор гардиданд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд низ мусобиқаи варзишии ҷавонони вилояти Суғд доир ба гӯштини тарзи самбо ҷамъбаст шуд.Варзишгарони миқёси вилоят дар 9 вазн қувваозмойӣ карданд. Ҷои якум насиби дастаи шаҳри Хуҷанд шуда, ҷои дуюмро дастаи ноҳияи Спитамен ва ҷои сеюмро дастаи ноҳияи Ҷ.Расулов сазовор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






