Қӯрғонтеппа тарҳашро тағйир медиҳад

Апрель 5, 2012 11:47

Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппа –маркази маъмурии вилояти Хатлон тағйир дода мешавад. Вобаста ба он палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ дар иҷлосияи ҳаштуми худ тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар мавриди тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппа қарор қабул намуд. Матлубахон Сатторова, узви Маҷлиси миллӣ зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори худ аз 12 декабри соли 2011 раисони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Бохтар ва Вахш, инчунин Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳуриро вазифадор кардааст, ки бо тартиби муқарраргардида ба тавозуни шаҳри Қӯрғонтеппа додани қитъаҳои заминро дар масоҳати 1775, 82 гектар, аз ҷумла 1612, 04 гектар замин аз ноҳияи Бохтар ва 163, 78 гектар аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Вахш таъмин намоянд. Дар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда, тарҳи шарҳи Қӯрғонтеппа дар масоҳати 2568, 15 гектар муқаррар карда мешавад. Матлубахон Сатторова афзуд, ки дар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Бохтар ва Вахш, ки ба тавозуни шаҳри Қӯрғонтеппа дода мешаванд, беш аз 27 ҳазор аҳолӣ истиқомат доранд, ки дар оянда онҳо сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Қӯрғонтеппа мегарданд. Васеъ намудани ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Қӯрғонтеппа талаботи замон ва амри зарурист ва ҷиҳати рушду густариши Қӯрғонтеппа ҳамчун маркази маъмурии вилояти Хатлон мусоидат менамояд. Вилояти Хатлон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон яке аз вилоятҳои калонтарин буда, дорои қариб 3 миллион аҳолист.

Апрель 5, 2012 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд