Қабули эътимоднома аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон

Апрель 26, 2012 12:00

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд — Смит эътимоднома қабул намуд. Дар мулоқот, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд. «Боиси қаноатмандӣ аст, ки Британияи Кабир имрӯз дар қатори дӯстону хайрхоҳони мо қарор дорад ва онро мо яке аз шарикони муҳими хеш дар минтақаи Аврупо медонем», — гуфт зимни суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки «мо хоҳони тавсеаи ҳамкории пойдору гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо Британияи Кабир мебошем». Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории минтақавии ду кишвар дар соҳаҳои мудофиа ва амният, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муборизаи муштараки зиддитерростӣ ва сулҳсозии нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, ҳамзамон густариши ҳамкории мутақобилан судбахши иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир зарур шумурда шуд. Зимнан Робин Ҷереми Орд – Смит ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мавзеъгирии шоиста дар мусоидат ба нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳам саҳми намоёни кишвари мо дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон арзи қадрдонӣ намуд. Робин Ҷереми Орд – Смит, ҳамчунин изҳор дошт, ки «ҷалби сармояи зиёди Британияи Кабирро ба Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии замони сафирии худ дар ин ҷо» қарор додааст ва барои ин пайваста ҷаҳду талош хоҳад кард. Барои ин, ҳамчунин тақвияти бештари заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани як зумра санадҳои нав зарур дониста шуд. Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба таъкид намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Апрель 26, 2012 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!