Қадрдонии Искандар
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 баён гардид, ҷиҳати рушди варзиш дар донишгоҳ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Искандари Рустам – факултаи «Технологияҳои барномасозӣ»-и филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз рӯйи намуди гӯштини озод дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуда гузашт, ҷойи дуюмро соҳиб гардида, бо медали нуқра сарфароз гардид ва ба Бозиҳои ХХХ-юми олимпӣ, ки дар шаҳри Лондон баргузор мегарданд, роҳхат гирифт. Искандари Рустам аз тарафи муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Маҳмадуллоев бо тӯҳфаи хотиравӣ- ноут-бук ва сипосномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сарфароз гардида, ба волидайни ӯ лавҳи фахрӣ тақдим карда шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






