Қадри китоб баланд аст
Хоруғ, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо вуҷуди дар тамоми ҷаҳон усули беҳтарини дарёфти маълумот гардидани шабакаи иттилоотии интернет, мақому манзалати китоб ҳамеша баланд аст. Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз давраи таъсис ёфтани ин боргоҳи илму дониш арзи ҳастӣ намуда, то имрӯз яке аз китобхонаҳои беҳтарини вилоят маҳсуб меёбад. Толори китобхона ҳамеша серодам буда, дар хазинаи он китобҳои нодиртарин мавҷуданд.Соли 2011 боз 273 адад китоби бадеию илмӣ дастраси китобхона гардид. Ба гуфтаи мудири китобхона Қимматгул Офаридаева, бештари китобҳо ба забони русианд, ҳол он, ки талаботи донишҷӯён ба китобҳои тоҷикӣ ҳамоно зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






