Қатъи ҳаракати нақлиёт дар Теҳрон

Апрель 5, 2012 11:32

Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шурӯъ аз 5 апрел то 8 майи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Теҳрон (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Шероз) қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҷиҳати андешидани чораҳо доир ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Теҳрон қарори марбута ба тасвиб расонд. Тибқи он Раёсати воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маҷидов Ҳ.) ва Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Бузмаков А.) вазифадор гардидаанд, ки барои таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат бо назардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд.  Ҳамзамон тибқи ин қарор аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди пойтахт фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар — Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и пойтахт ҳамаҷониба мусоидат намоянд. Дар робита ба ин Зиёратшо Хушов, муовини сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе мегӯяд: зимни таъмиру навсозӣ ронандагони воситаҳои нақлиётӣ метавонанд тавассути кӯчаҳои Бохтар, Бухоро, Шота Руставелӣ, Шероз, Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ва Рӯдакӣ ҳаракат намоянд. Мавриди зикр аст, ки бар асари сардии зиёд ва зимистони тӯлонӣ соли равон баъзе аз қитъаҳои роҳҳои мошингарди кишвар, хусусан пойтахт хароб гардида ва ниёз ба таъмиру таҷдид доранд.

Апрель 5, 2012 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд