12 апрел — Рӯзи умумиҷаҳонии кайҳоннавардӣ

Апрель 12, 2012 13:29

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 12 апрел, Рӯзи умумиҷаҳонии кайҳоннавардӣ мебошад. Директори Институти астрофизика, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ Хурсанд Ибодинов ба ифтихори таҷлили 51 – солагии Рӯзи парвози кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Гагарин ба фазои кайҳон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» перомуни фаъолияти Институти мазкур нақл кард.Алҳол олимони Институти астрофизика дар татбиқи якчанд лоиҳаҳои кайҳонӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, мувофиқи лоиҳаи байналмилалии «Пулкон» дар расадхонаи Ҳисор ва расадхонаи байналмилалии кайҳоншиносии Санглохи ноҳияи Данғара иншоотҳои наздизаминии кайҳонӣ ва порчаҳои дастгоҳҳои кайҳонӣ мавриди мушоҳида қарор дода мешаванд.- Мувофиқи маълумоти Ассамблеяи Генералии СММ, дар фазои наздизаминӣ беш аз 500 ҳазор дастгоҳу порчаҳои кайҳонӣ мавҷуданд. Бинобар ин, проблемаи экологияи фазои кайҳон басо мубрам мегардад. Олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ якҷоя бо олимони Русия, Украина ва Фаронса барои ҳалли ин проблема ҳамкории зич доранд, — қайд намуд Хурсанд Ибодинов. Рӯзи умумиҷаҳонии кайҳоннавардӣ ба ифтихори нахустин парвози инсон ба кайҳон таҷлил мешавад.

Апрель 12, 2012 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад