«Ҳаҷ- 2012»-ро беҳтар ба роҳ монем
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи кумита доир ба ҳисоботи семоҳа баргузор гардид.Зимни ҷаласа доир ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти кумита сухан рафта, зикр гардид, ки фаъолияти ин ниҳод нисбат ба солҳои қаблӣ хеле назаррас грдидааст. Ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои вобаста ба таъмини бехатарии шаҳрвандон барои адои эътиқодоти исломӣ, таҳсили толибилмон дар хориҷи кишвар, ташхиси китобу адабиёти хусусияти динидошта ва дар сатҳи боз ҳам болотар ба роҳ мондани маросими «Ҳаҷ- 2012» иштирокдорони ҷаласа ибрози андеша карданд.Мудири шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров чанд пешниҳоди худро доир ба масъалаҳои зикр шуда ба роҳбарияти Кумита ироа намуда, дар маҷмӯъ аз фаъолияти семоҳаи кумита изҳори қаноатмандӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






