Ҳалли масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар минтақаҳои мухталифи Федератсияи Русия як қатор масъалаҳои ҳамватанонамон ҳал гардиданд. Тавре аз маркази матбуоти намояндагии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни сафарҳои хидматӣ ба вилоятҳои Свердловск ва Челябински Русия бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор гардида, як қатор аризаҳои онҳо дар мавриди поймол шудани ҳуқуқҳояшон ба назари эътибор гирифта шуданд.Корманди намояндагӣ Бахтиёр Усмонов дар ҷараёни сафараш ба вилояти Ленинград ба масъалаҳои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ машғул шуда, дар натиҷаи ин беш аз 90 нафар мучирон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.Корманди намояндагӣ Нусратулло Исматов якҷоя бо намояндагони ҷамъияти миллии «Мадад» бо роҳбарияти шӯъбаи Суғуртаи давлатии Русия дар мавриди фароҳам овардани шароити хидматрасонии тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфтушунид намуд. Ғайр аз ин дар яке аз совхозҳои вилояти Волгоград шартномаи бо кор таъмин намудани 160 нафар муҳоҷирони тоҷик имзо гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






