Ҳамкорӣ бо аҳли тиҷорати Беларус
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Ёқубов бо сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук мулоқот анҷом дод.Анвар Ёқубов сафири Беларусро бо фаъолияти маъмурият, самтҳои авлавиятдори фаъолияти саноатию инноватсионӣ, лоиҳаҳои фароҳам овардани шароит барои сармоягузорон ва оддӣ гардонидани раванди тиҷорат шинос кард. Олга Гаврук дар навбати худ зикр намуд, ки Беларус ва Тоҷикистон нерӯи зиёди рушди ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф, барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратии байни Беларус ва минтақаҳои озоди иқтисодиро доранд. Мувофиқи суханони ӯ, дар вилояти Суғд шароити мусоиди рушди соҳаи коркарди маҳсулот мавҷуд аст. Дар ин бора аз шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






