Ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ оид ба мудофиаи зиддиҳавоӣ
Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Созишномаи ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми огоҳӣ аз ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 23 апрел баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Созишномаи мазкур дорои аҳамияти муҳими таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи фазои ҳавоист. Он бо мақсади амнияти истифодаи фазои ҳавоӣ, мухолифат ба терроризм ва таъмини бархӯрди ягона нисбат ба ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои ИДМ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми огоҳӣ аз ғасби (рабудани) воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ба имзо расидааст. Тибқи ин санад тарафҳое, ки Созишномаро имзо кардаанд, дар ташкили фаъолияти навбатдории нерӯҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир ба мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи ғасби (рабудани) ҳавопаймоҳо ва пешгирии амалҳои террористӣ бо истифодаи ҳавопаймо дар фазои ҳавоӣ тибқи Низомномаи тартиби фаъолияти навбатдорӣ, ки қисми ҷудонашавандаи Созишнома аст, ҳамкорӣ менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






