Ҳамкории байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Венетсия
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова ва сарменеҷери Палатаи савдои Венетсия Роберт Сандрин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва имконоти инвеститсионии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре аз ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ташкили сафари соҳибкорони Олмон, Фаронса ва Италиё ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.Қобили зикр аст, ки ПСС Тоҷикистон бо Палатаи савдои Венетсия дар ҳошияи ёддошти дуҷониба оид ба фаъолияти палатаҳо ҳамкорӣ менамоянд. Палатаи савдои Венетсия ҳамчунин лоиҳаи ба тиҷорати хурду миёна расонидани ёриро дар масъалаҳои моликияти зеҳнӣ танзим мекунад. Ин лоиҳаро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ намуда ва он минтақаи Осиёи Марказиро фаро мегирад.Ба манзури муфассалтар воқиф намудани аҳли тиҷорати Аврупо аҳд шуд, ки хабарҳо дар бораи имкониятҳои Тоҷикистон дар нашрияҳои Палатаи савдои Венетсия дарҷ карда шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






