Ҳашари умумивилоятии ҷавонони суғдӣ
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 28 апрели соли равон ҳашари умумивилоятии ҷавонон бахшида ба чорабиниҳои Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд. Моҳи майи соли 2012 дар қаламрави вилоят «Як моҳи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти шиори «Ватандорони беҳамтои мулкем!» таҷлил карда мешавад. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раёсатҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маорифи вилоят якҷоя бо шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, шӯъбаи кор бо занони мақомот, дар бораи мазмун ва мундариҷаи чорабиниҳои «Як моҳи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят вазифадор гаштаанд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд. Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои идона дар қаламрави вилоят гузаронидани рӯзи «Сайри ҷавонӣ», иштирок дар ҳафтаи «Поси хотир» ба муносибати Рӯзи Ғалаба, муаррифии китоби тозанашри «Ҷавонинома» бо иштироки олимону муҳаққиқон ва адибони ҷавони вилоят, баргузории ярмаркаи вилоятии ҷойҳои кории холӣ барои ҷавонони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилоят, гузаронидани намоиш-озмуни асарҳои рассомону наққошони ҷавони вилоят, намоиш-озмуни вилоятии ихтироъкорони ҷавону наврас байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






