Ҳисоботи телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар

Апрель 7, 2012 11:35

Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар, Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Норак телефонӣ ҳисобот доданд. Зимни ҳисоботи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар ва Норак таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, таъмини фаъолияти шаборӯзии корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, вусъати ободонию созандагӣ, тармиму навсозии роҳҳои мошингард ва беҳсозии хизматрасонӣ ба мардум зоҳир гардид. Раисони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бошад, бештар доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву навсозии боғҳои кӯҳна ва рушди бахши картошкапарварӣ ҳисобот доданд. Тибқи супоришҳое, ки ба раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дода шуд, имсол дар ин ноҳияҳо майдони кишти картошка бояд 2 ҳазор гектар зиёд карда шавад ва ин имкон медиҳад, ки иловатан 4 ҳазор нафар бо кор таъмин гарданд. Тибқи дастуру талаботи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли картошка имсол дар Тоҷикистон бояд ба зиёда аз 1 миллион тонна расонда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 7, 2012 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд