Ҳисоботи Вазорати молияи ҶТ дар бораи хатарҳои буҷавӣ

Апрель 12, 2012 16:25

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хатарҳои буҷавии марбут ба муассисаю корхонаҳои давлатӣ ҳисобот дод. Мувофиқи хабари Вазорати молияи кишвар, мақсад аз ҳисобот муайян намудани хатарҳои мушаххаси буҷавии марбут ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва таъсири онҳо ба вазъи ояндаи молиявии давлат мебошад. Ҳангоми тартиб додани ин ҳисобот маълумоти молиявӣ то 31 декабри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳисобот ҳамчунин дар бораи қарзҳои калонтарини дебиторию кредитории корхонаҳо оварда шудааст.Қарздори калонтарини «Талко» ширкати «Герберт Смит» мебошад, ки қарзи он барои хариди алюминий 249 миллиону 419 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Қарзи дебитории «Барқи тоҷик» чунин аст: қарзи умумии корхонаю ташкилотҳо – 33 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, қарзи умумии аҳолӣ — 276 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва қарзи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об – 182 миллиону 500 ҳазор сомонӣ.Дар ҳисобот ҳамчунин гуфта мешавад, ки қарздори калонтарин аз рӯи андозҳо «Барқи тоҷик» мебошад, қарзи он 80,4 фоизи ҳамаи қарзҳои андозро ташкил медиҳад.

Апрель 12, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд