Ҷаласаи сайёр дар Исфара
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Исфара ҷаласаи сайёри ҷамъбастии сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи аввали соли 2012 баргузор гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокчиёни машварат бо тарзи ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, шинос шуданд. Дар ярмарка филиали муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолон дар шаҳри Исфара ва ташкилоту идораҳои шаҳр ба корҷӯён ҷойҳои кории холиро пешниҳод намуданд. Барои таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои кории доимӣ роҳхатҳо дода шуда, ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои омӯзонидани касб аз рӯи талаботи бозори меҳнат ба муассисаи таълимӣ ҷалб карда шуданд.Ҳамчунин иштирокдорон аз Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Баракат-Исфара», ки барои коркарди меваи хушк фаъолият мебарад ва ҳамзамон зиёда аз 110 нафар шаҳрвандро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст, боздид намуданд. Фаъолияти чунин коргоҳҳо пеш аз ҳама барои пешрафти ҷомеъа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона гардида, ҳадафаш бо кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






