Ҷалби донишҷӯён ба корҳои идорӣ дар Суғд
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 14 то 19 майи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» гузаронида мешавад. Дар ин хусус санаи 26 апрели соли равон қарори махсуси раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба тасвиб расид.Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайъати гурӯҳи кории ташкил ва гузаронидани «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» таҳти сарварии роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Шарифҷон Шарифов тасдиқ гардида, ин тадбир баҳри баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва шиносонидани донишҷӯён бо низоми идораи давлат, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






