Ҷалби пасандозҳо – самти асосии фаъолияти низоми бонкӣ
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар фаъолияти низоми бонкӣ яке аз самтҳои асосӣ ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ мебошад. Роҳбари Хадамоти матбуоти дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки бақияи пасандозҳо дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,6 фоиз афзудааст. Аз ин маблағ ба пасандозҳо 1 609,4 млн. сомонӣ бо пули миллӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,3 фоиз) ва 2 811,5 млн. сомонӣ бо асъори хориҷӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 38,7 фоиз) рост меоянд. Аз рӯи иттилои манбаъ, дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо 44,3 фоиз ё маблағи 1 959,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 55,7 фоиз ё 2 461,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ-феврали соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 16,79 фоиз ва пасандозҳо бо асъори хориҷӣ 14,63 фоизи солонаро ташкил намуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






