Ҷамъбасти даври дуввуми чемпионати мамлакат
Душанбе, 16 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Баъди дидорҳои даври дуввуми чемпионати мамлакат футболбозони дастаи «Регар- ТадАЗ» ба садри ҷадвали мусобиқот роҳ ёфтанд. Ғалабаи қотеъи ин даста бар «Парвоз» бо натиҷаи 4 бар 1 имкон дод, ки дастпарварони Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ҳамаро паси сар гузоранд. Ғайричашмдошт чемпиони ду соли охир «Истиқлол» натавонист «Хайр»-ро дар майдони худ мағлуб намояд. Бозии пуршиддат 1 бар 1- мусовӣ ҷамъбаст шуд. «Равшан» дар меҳмонӣ аз «Истаравшан» бо ҳисоби 1 бар 3, «Гвардия» аз «Хуҷанд» бо натиҷаи 1 бар 4 шикаст хӯрданд. Танҳо ба ССКА «Помир» муяссар шуд, ки дар сафар бар «Ҳосилот» бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кунад. Вохӯрии «Зарафшон» бо «Энергетик» 2 бар 2- мусовӣ ба поён расид. Даври сеюм рӯзи 19-уми апрел бо бозии «Равшан» ва «Истиқлол» оғоз мешавад. 21-уми апрел «Гвардия» бо «Зарафшон» ва «Энергетик» бо «Истаравшан», рӯзи 22-юми апрел «Хайр» бо «Ҳосилот», ССКА «Помир» бо «Вахш», «Парвоз» бо «Хуҷанд» ба дидори ҳам мераванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






