Ҷамъбасти фаъолияти КҲМЗ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 14 апрел дар Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ҷаласаи навбатӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли 2012 баргузор гардид. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Т.Салимов зикр намуд, ки кормандони кумита барои зимистонгузаронии ҳайвонот ва паррандаҳо як қатор тадбирҳо андешида, аз ҷумла 47,7 тонна ғалла, 7,8 тонна кунҷора, 80,2 тонна хасбеда, 3,74 тонна намак ва намуди дигари хӯрока харид карда шуд. Дар давоми се моҳ 4 ҳазору 877 тафтиши таъҷилии соҳавӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 беш аз 357 маротиба ё 7,3 фоиз зиёд аст. Дар ҷараёни тафтиш 334 ҳодисаи ҳодисаи қонуншиканӣ дар бахши ҳифзи табиат ошкор гардида, айбдорон ба маблағи 581,1 сомонӣ ҷарима баста шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






