Ҷавонони қирғиз дар Суғд
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гурӯҳи ҷавонон ва хонандагони макотиби миёнаи вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарварии муовини якуми губернатор К.Б. Оразова бо мақсади густариши риштаҳои дӯстӣ, саёҳат дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатӣ 21-22 апрели соли равон ба вилояти Суғд ташриф меоранд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки онҳоро мизбонон дар мавзеи Гулистони шаҳри Исфара истиқбол гирифта, пас аз мулоқот бо мактабиёни №42-и шаҳр аз осорхонаи «Шифо» боздид ба амал меоранд. Тибқи барнома меҳмонони қирғиз бо дастпарварони мактаб-интернати махсуси президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Чкалов ошно гашта, дар маркази истироҳатию солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон- « 20-солагии Истиқлолият» истироҳат мекунанд. Ин ҷо барномаи муштараки фарҳангӣ ва рӯзи дигар шиносоӣ бо осорхонаи вилоятии таърихию кишваршиносӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ, маҷмааи варзишӣ ва боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» дар назар аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






