«Ҷавонони Тоҷикистон»-мактаби рӯзноманигорон

Апрель 5, 2012 12:01

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз аз чопи нахустин шумораи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 82 сол сипарӣ шуд. Моҳи Марти соли 1930 КМ ЛКСМ Тоҷикистон фаъолияти торафт зиёдшавандаи комсомоли ҷумҳуриро ба назар гирифта, бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани кори он, мустаҳкам намудани сафҳои комсомол, муттаҳид намудани коргарон, деҳқонон, ҷавонони камбағал ва миёнаҳол, ба роҳ мондани кори тарбиявӣ байни ҷавонон барои нашри рӯзномаи ҷавонон қарор қабул кард. Рӯзнома дар муддати фаъолият чанд маротиба тағйири ном кардааст: аз 5 апрели соли 1930 то 24 августи соли 1941 бо номи «Комсомоли Тоҷикистон», аз 1 сентябри соли 1945 то 12 июли соли 1956 бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон», аз 15 июли соли 1956 то 27 декабри соли 1988 бо номи «Комсомоли Тоҷикистон», аз 1 январи соли 1989 то имрӯз бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» нашр мешавад. Ду маротиба ба мӯҳлати тӯлонӣ аз чоп бозмондааст: аз 24 августи соли 1941 то 01 сентябри соли 1945 ва аз 7 июли соли 1995 то 23 октябри соли 1998. 31 январи соли 1980 рӯзнома аз ҷониби Президиуми Совети Олии СССР бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шуд. Собиқ рӯзноманигорони ҷавони «Ҷавонони Тоҷикистон» имрӯз ҳама журналистони варзида ва соҳибмактабанд.

Апрель 5, 2012 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд