Ҷоми чемпионҳои Аврупо: «Бавария»-«Реал»
Душанбе, 17 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Имрӯз дар варзишгоҳи «Алянс Арена»-и Олмон бозии нимниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо бо ширкати «Бавария» ва «Реал» барпо мегардад. Ин дастаҳои пурқуввати Аврупо дар якҷоягӣ 13 маротиба Ҷоми чемпионҳоро ба даст овардаанд. Клуби «Реал» 9 маротиба (1956-1960, 1966, 1998, 2000 ва 2002), ва «Бавария» 4 маротиба (1974-1976 ва 2001) ба ин комёбӣ мушарраф шудаанд. Ин дастаҳо байни ҳам 18 маротиба вохӯрдаанд, ки дар он 10 маротиба «Бавария» ва 6 маротиба «Реал» шаҳди ғалаба чашидаанд. Ин навбат агар «Бавария» ғолиб ояд он вақт дар финали ҷом, ки маҳз дар варзишгоҳи «Алянс Арена» баргузор мешавад, дар ҳузури мухлисонаш бозӣ хоҳад кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






