ҶСК «Тоҷиксемент» ба истифодаи ангишт мегузарад
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 10 апрел вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Тсзян ва мутахассисони ин ширкат мулоқот намуд. Гул Шералӣ яке аз корхонаҳои муҳимтарини соҳаи сементи ҷумҳурӣ будани ҶСК «Тоҷиксемент» ва масъалаи аз гази табиӣ ба ангишт гузаронидани онро таъкид карда, дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳоро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Директори намояндагии ҶСК «ТВЕА» дар Тоҷикистон Ван Тсзян қайд кард, ки ширкат масъалаи гузаронидани ҶСК «Тоҷиксемент»-ро ба истифода аз ангишт дар заминаи таҷҳизоти корхона, воридоти хатҳои нави технологӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод. Масъалаи истифодаи ангишт дар корхонаҳои сементбарорӣ ва дигар соҳаҳо чанд сол аст, ки мавриди таваҷҷӯҳи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва то имрӯз дар ин самт комёбиҳо ба даст омадаанд. Аз ҷумла, 6 корхонаи семент ва дар маҷмӯъ 131 корхонаи саноатӣ барои истифода аз ангишт танзим шудаанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






