16-умин дастаи футболе,ки ба олимпиадаи Лондон- 2012 меравад
Душанбе, 26 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Намояндаи футболи Осиё- дастаи мунтахаби Уммон дар вохӯрии плей- оффи Бозиҳои интихобии олимпӣ бо тими мунтахаби Сенегал-намояндаи аз футболи Африқо вохӯрда, бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрд. Футболбозони Сенегал охирин дастае буданд, ки роҳхати олимпиро ба даст оварданд. Ҳамин тавр, аз Осиё дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Куриё дар Бозиҳои олимпӣ аз кишварҳои Осиё ширкат менамоянд. Дар робита ба ин мавзӯъ Конфедератсияи футболи Осиё барои ҳакамии Бозиҳои олимпӣ рӯйхати доварону ёварони онҳоро ба кумитаи доварони ФИФА ирсол кард. Ба ин рӯйхат беҳтарин довари Осиё аз Ӯзбекистон Равшан Ирматов бо гурӯҳаш ва Юичи Нишимура аз Ҷопон шомиланд. Доварони интихобшуда аз ҷониби ФИФА эълон хоҳанд шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






