19-умин солгарди Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба 19-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10 апрел дар қисми низомии 5453 ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти ВКД, намояндагони сохторҳои қудратӣ, собиқадорон ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилиро бо ин санаи хотирмон табрик намуда, гуфт: онҳо сипари боэътимод, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадами Истиқлолияти кишвари азизамон буда, дар тӯли солҳои сипаригардида вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷо оварданд.Дар чунин як давраи ҳассосу тақдирсоз Қӯшунҳои дохилӣ аз душвортарин санҷишҳо гузашта, ҷиҳати безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, садди роҳ шудан ба олами ҷиноят ва таъмини амнияти шаҳрвандон мусоидат намуданд. Бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1993 Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ таъсис дода шуд. Гарчанде 19 соли сипаригашта дар назар тӯлонӣ нанамояд ҳам, вале барои афсарону сарбозон он як марҳалаи тақдирсоз барои ба даст овардани мақсадҳои олӣ, мубориза бо душманони дохилӣ ва расидан ба сулҳу субот дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи ҷашн теъдоди зиёди афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ бо медалҳои «Барои хизмати шоён» дараҷаҳои 1,2 ва 3, «Барои хизмати аъло дар ВКД», рутбаҳои ҳарбӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, инчунин аз ҷониби фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД полковник Қурбонов С. бо мукофот сарфароз гардиданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






