25 гектар боғи нав дар Рашт
Рашт, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Кишоварзону боғдорони ноҳияи Рашт ба номусоидии боду ҳавои имсола нигоҳ накарда, кишту кор ва бунёди боғоти наву кӯҳнаро аз нав ба роҳ мондаанд. Боғдорон тасмим гирифтанд, ки дар мавсим 25 гектар боғи нав бунёд намуда, 170 гектар боғи кӯҳнаро аз нав барқарор намоянд,-иброз дошт раиси раёсати кишоварзии ноҳия Олимхӯҷа Дориев. Рӯзҳои наздик боғдорони ноҳия аз иҷрои нақшаи пешбинишуда мебароянд. Ҳоло ниҳолшинонӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ноҳия бомуваффақият идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






