42 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар чор моҳ
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар чор моҳи соли равон дар миқёси вилояти Суғд 42 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки зиёда аз 667 нафар корҷӯй аз тариқи ин ярмаркаҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида ва 357 нафар шаҳрванд ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар ин давра ба мақомоти раёсату шӯъбаҳои Агентӣ дар вилояти Суғд 12 ҳазору 567 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 6 ҳазору 329 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Дар ин муддат мувофиқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» бо ҷойи корӣ таъмин намудани 8 ҳазору 477 нафар шаҳрванди корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шуда буд, ки 3419 нафар аз тариқи роҳхатҳои раёсату шӯъбаҳои Агентии шаҳру ноҳияҳо барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудан мусоидат карда шуд. Ин 40,3 фоизи нишондиҳандаи барномаи солонаро ташкил медиҳад. Дар чор моҳи соли равон аз ҳисоби шаҳрвандони бекори дар қайдбуда ба 1387 нафар муроҷиаткунанда барои касбомӯзӣ аз рӯи 20 номгӯи ихтисоси мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳхат дода шуд ва онҳо ройгон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз ҳисоби гурӯҳҳои худмаблағгузорӣ дар давраи ҳисоботӣ 1726 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуд. Барои таъсиси ҳарчӣ бештари ҷойи кори иловагӣ ва рушди соҳибкории хурд, соли ҷорӣ тавассути раёсату шӯъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба 220 нафар шаҳрванди бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд, қарзҳои имтиёзнок дода шуд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






