Афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар Суғд
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Моҳҳои январ-марти соли равон корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 783478,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 116,7 фоизро ташкил дод. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 272 корхонаи саноатӣ 174 ё 63,9 фоизи корхонаҳо ба сатҳи истеҳсоли маҳсулоти моҳҳои январ-марти соли 2011 расиданд, 47 корхона (17,3 фоиз) аз дараҷаи соли гузашта кам маҳсулот истеҳсол намудаанд. Аз миқдори умумӣ 51 корхона ё 18,8 фоизи корхонаҳо аз сабабҳои норасоии ашёи хом, набудани талабот ба маҳсулоти истеҳсолшаванда кор накарданд.Дар ин давра аз ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 70,7 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 23,3 фоиз, истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об 6,0 фоизро ташкил дод.Аз 76 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 46 номгўй (60,5 фоиз) афзуда, истеҳсоли 23 номгўй (30,3 фоиз) паст фаромад ва 7 номгўй (9,2 фоиз) умуман истеҳсол нашудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






