Афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои хусусӣ корҳоро дар доираи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» дар самти бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амалкунанда мунтазам вусъат медиҳанд. Новобаста аз мушкилиҳои молиявию иқтисодӣ ва сардиҳои моҳҳои охир аксарияти корхонаҳо суръати афзоишро таъмин карданд. Аз ҷумла, дар ҶММ «Масолеҳи ғайримаъданӣ» 159,9%, ҶММ «Обшорон» 113,7%, ҶММ «Розияи сангрез» 113,2%, ҶММ «Комбинати масолеҳи бинокорӣ»-и шаҳри Исфара 101,8%, ҶС «Комбинати масолеҳи бинокорӣ ва конструксия»-и н. Спитамен 101,8%, ҶСП «Заводи сементи Самадов»-и ш. Исфара 101,7% ва дар дигар корхонаҳо суръати афзоиш иҷро гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи корхонаву ташкилотҳои соҳа — 3,4 млн. дона хишт, 740 ҳазор. дона, — 1,3 км шартӣ қубурҳои асбестӣ, 0,1 км, — 1,4 ҳазор м2 тахтасанг, 359 м2, — 1,49 ҳазор тонна гаҷ, 0,3 ҳазор тонна, — 1623 тонна оҳак, 1096 тонна, — 70 ҳазор м2 шишаи сохтмонӣ зиёд истеҳсол шуд. Дар ин давра танҳо истеҳсоли семент коҳиш ёфта, дар ҳаҷми 54,4 ҳазор тонна ё нисбат ба соли гузашта 15,2 ҳазор тонна камтар истеҳсол гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






