Афзоиши субъектҳои соҳибкорӣ

Апрель 20, 2012 10:47

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара доир ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2012 доир гардид. Он бо ҳисоботи роҳбарияти кумита оғоз гардида, ба ҳозирин оид ба дастовардҳо ва мушкилотҳои рушди соҳаҳои марбут ба самтҳои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ маълумот пешниҳод карда шуд. Зикр гардид, ки то ҳолати 1 апрели соли 2012 маҷмӯи лоиҳаҳои татбиқшавандаи Ҳукумати кишвар 60 адад ва маблағи умумии онҳо 9 млрд. 200 млн. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, 21 лоиҳаи қарзӣ, 24 лоиҳаи грантӣ ва 15 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзию грантӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Дар давраи ҳисоботӣ татбиқи 1 лоиҳаи давлатии сармоягузории нав оғоз гардид. Аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 6,7 млн. сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шудааст. Маблағи мазкур 26,9 фоизи иҷрои нақшаи пешбинигардидаи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012-ро ташкил медиҳад.Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2012 дар миқёси ҷумҳурӣ 10 ҳазору 197 субъекти соҳибкории нав ба қайд гирифта шуд. Аз ин лиҳоз дар айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 225 ҳазору 275 адад субекти соҳибкорӣ фаъолият намуда, ин нишондиҳанда зиёдшавии шумораи умумиро дар ҳаҷми 4,74 фоиз нишон медиҳад.

Апрель 20, 2012 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд