Амалишавии барномаи сесола
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Дар доираи барномаи «Механизми қарзии васеъ», ки миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) роҳандозӣ шудааст, баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷудо намудани 165 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 141 милиони онро дастрас намуда, тақрибан 24 млн. маблағи боқимонда дар моҳи апрел пурра дастраси Тоҷикистон гардонида мешавад. Ёдовар мешавем, ки барномаи сесолаи «Механизми қарзии васеъ» аз ҷониби Шӯрои иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор соли 2009 тасдиқ шуда буд. Қарзи мазкур бефоиз буда, ба муддати 10 сол дода шудааст.Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо Хазинаи байналмилалии асъор кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи барномаи нав, ки миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз мегардад, идома медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






