Амалишавии маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи артиш
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳамасола аз 1-уми апрели соли 2012 маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта,то 31-уми майи соли 2012 идома меёбад,- иттилоъ доданд дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар давоми 23 рӯзи баъди даъват аз нисф камтари даъватшавандагони синни 18-27 сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват шуданд. Дар айни замон нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ 46,9 фоиз иҷро гардидааст. Баҳри татбиқи фармон «Дар бораи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ» комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъолияти хуб нишон дода, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро 54 фоиз иҷро намуданд.Ноҳияҳои тобеи марказ бо 46 фоизи иҷрои фармони мазкур дар ҷойи дуюм мебошанд. Иҷрои даъват ба сафи артиш дар ВМКБ 42 фоиз, вилояти Суғд-37, шаҳри Душанбе бо иҷрои 30 фоизи даъвати баҳорӣ дар ҷойи панҷум қарор дорад. Рақамҳо бозгӯи онанд, ки тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ дар минтақаю шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст.Дар асоси маълумоти аниқи оморӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавони синни мувофиқ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ қайд шудааст, ки аз онҳо ҳамасола танҳо 15-16 ҳазор нафарашон ба аскарӣ даъват мешаванд. Бо вуҷуди зиёд будани шумораи ҷавонони даъватшаванда ҳанӯз сафарбарӣ ба сафи артиш пурра таъмин нагардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






