Амрико дар Душанбе равзана боз кард

Апрель 12, 2012 14:58

Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии худро ба таври расмӣ ифтитоҳ намуд. Дар маросими ифтитоҳи гӯшаи Амрико сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимзода ширкат намуда, кушоиши Маркази фарҳангии Амрикоро дар махзани бузурги илму маърифати тоҷикон –Китобхонаи миллӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Амрико падидаи нек арзёбӣ карданд.  Гӯшаи фарҳангии мазкур дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Амрико ташкил шуда, он бо мизу курсӣ, ҷевон, компютерҳо (пайваст бо шабакаи Интернет) муҷаҳҳаз гардидааст. Дар Маркази мазкур беш аз 1000 адад китобу адабиёти гуногуни илмию бадеӣ, таърихӣ, инчунин ҳафтаномаю маҷаллаҳое, ки дар Амрико ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудаанд. Мудири Китобхонаи миллӣ дар маросими ифтитоҳи гӯшаи Амрико афзуд, ки корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар Китобхонаи миллӣ Марказҳои фарҳангии худро дошта бошанд. Яъне, дар оянда дар ин ганҷина ҳузури тамаддуни ҷаҳонӣ ташаккул хоҳад ёфт, ки он дар тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои соири хориҷӣ пайванди ногусастанист. Ҳамзамон Н. Салимзода гуфт, ки ифтитоҳи Марказҳои фарҳангии сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар партави сиёсати хориҷии Ҳукумат ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои боз аст, ҷараён гирифта, самарааш ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагист ва он дар тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар бахши китобдорӣ, табодули таҷриба, нашри китоб, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон мусоидат менамояд. Дипломати амрикоӣ Кеннет Гросс ифтитоҳи Маркази фарҳангиро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсули ҳамкориҳои судманди Ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико натиҷагирӣ кард. Кеннет Гросс афзуд, ки «Гӯшаи Амрико» ҳафт сол муқаддам, аниқтараш соли 2005 дар Душанбе ифтитоҳ гардида, он дар бинои Академияи илмҳо қарор дошт. Ҳадафи Маркази мазкур тарғиб ва муаррифии фарҳанги Амрико буда, хонандагон имкон доранд дар он китобу адабиёти заруриро дастрас намоянд ва инчунин доир ба барномаҳои Сафорати Амрико маълумот гиранд. Марказ ҳамзамон барои гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Амрико дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 400 адад чунин гӯшаҳои фарҳангӣ дошта , 164 ададаш дар давлатҳои АвруОсиё, 59-тоаш дар Осиёи Шарқӣ, 75 ададаш дар қораи Африқо, 43 адад дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, 50 –тоаш дар кишварҳои Шарқи Наздик ва 22 тоаш дар давлатҳои Амрикои Лотинӣ фаъолият доранд. Дар Тоҷикистон теъдоди гӯшаҳои Амрико ба 6 адад мерасад, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардидаанд.

Апрель 12, 2012 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст