Амрико дар Душанбе равзана боз кард
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳангии худро ба таври расмӣ ифтитоҳ намуд. Дар маросими ифтитоҳи гӯшаи Амрико сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимзода ширкат намуда, кушоиши Маркази фарҳангии Амрикоро дар махзани бузурги илму маърифати тоҷикон –Китобхонаи миллӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Амрико падидаи нек арзёбӣ карданд. Гӯшаи фарҳангии мазкур дар доираи тавсеаи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Амрико ташкил шуда, он бо мизу курсӣ, ҷевон, компютерҳо (пайваст бо шабакаи Интернет) муҷаҳҳаз гардидааст. Дар Маркази мазкур беш аз 1000 адад китобу адабиёти гуногуни илмию бадеӣ, таърихӣ, инчунин ҳафтаномаю маҷаллаҳое, ки дар Амрико ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудаанд. Мудири Китобхонаи миллӣ дар маросими ифтитоҳи гӯшаи Амрико афзуд, ки корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар Китобхонаи миллӣ Марказҳои фарҳангии худро дошта бошанд. Яъне, дар оянда дар ин ганҷина ҳузури тамаддуни ҷаҳонӣ ташаккул хоҳад ёфт, ки он дар тақвияти равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои соири хориҷӣ пайванди ногусастанист. Ҳамзамон Н. Салимзода гуфт, ки ифтитоҳи Марказҳои фарҳангии сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар партави сиёсати хориҷии Ҳукумат ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати дарҳои боз аст, ҷараён гирифта, самарааш ҳамфикрӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагист ва он дар тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ дар бахши китобдорӣ, табодули таҷриба, нашри китоб, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон мусоидат менамояд. Дипломати амрикоӣ Кеннет Гросс ифтитоҳи Маркази фарҳангиро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсули ҳамкориҳои судманди Ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико натиҷагирӣ кард. Кеннет Гросс афзуд, ки «Гӯшаи Амрико» ҳафт сол муқаддам, аниқтараш соли 2005 дар Душанбе ифтитоҳ гардида, он дар бинои Академияи илмҳо қарор дошт. Ҳадафи Маркази мазкур тарғиб ва муаррифии фарҳанги Амрико буда, хонандагон имкон доранд дар он китобу адабиёти заруриро дастрас намоянд ва инчунин доир ба барномаҳои Сафорати Амрико маълумот гиранд. Марказ ҳамзамон барои гузаронидани чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки Амрико дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 400 адад чунин гӯшаҳои фарҳангӣ дошта , 164 ададаш дар давлатҳои АвруОсиё, 59-тоаш дар Осиёи Шарқӣ, 75 ададаш дар қораи Африқо, 43 адад дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, 50 –тоаш дар кишварҳои Шарқи Наздик ва 22 тоаш дар давлатҳои Амрикои Лотинӣ фаъолият доранд. Дар Тоҷикистон теъдоди гӯшаҳои Амрико ба 6 адад мерасад, ки онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияи Рашт ифтитоҳ гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






