Арзёбии коршиноси байналмилалӣ
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Фил Ҷонсон ба манзури арзёбии самарабахшии татбиқи лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (TD|RER|F23) — «Системаҳои ҳифзи ҳуқуқ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи иттилооти фаврӣ дар бахши мубориза бо маводи нашъаовар» ва тарҳрезии стратегия барои солҳои наздиктарин аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ боздид намуд.Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот бо муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар Бунафша Одинаева ва кормандони шӯъбаи иттилооту таҳлили агентӣ ба Фил Ҷонсон аз натиҷаҳои фаъолият, эҳтиёҷон ва дурнамои рушди шӯъба хабар дода шуд.Шӯъбаи иттилооту таҳлили Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро таҳлил намуда, перомуни вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа ҳуҷҷатҳои хулосавию иттилоотӣ таҳия месозад.Лоиҳаи мазкур ғайр аз Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ амалӣ мегардад. Алҳол мутахассисони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ санадҳоро барои тамдид намудани лоиҳаи (TD|RER|F23) таҳия менамоянд, ки он на фақат мақомоти салоҳиятдори кишварҳои зикршуда, балки бархе давлатҳои навро низ фаро мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад






