Азми бонки тиҷоратии «Агросоюз»

Апрель 19, 2012 16:03

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанд рӯз пеш роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев дар шаҳри Маскав муовини раиси раёсати бонки тиҷоратии «Агросоюз» Аркадий Комягинскийро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории марбут ба расонидани хидмати молиявӣ ва буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русияро мавриди муҳокима қарор доданд.Бонки тиҷоратии «Агросоюз», иштироккунандаи фаъоли бозори байнибонкӣ буда, бо бонкҳои калонтарини кишварҳои аъзои ИДМ муносибатҳои шартномавӣ барқарор намудааст.

Апрель 19, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад