Ба қонун дар бораи судҳо тағйирот ворид мегардад

Апрель 23, 2012 13:09

Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат 23 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси гумрук ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё доир ба «Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи минтақавии автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд. Инчунин дар Шӯро масъалаи баррасии ошкорои парлумонии «Иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва се моҳи аввали соли 2012 ва амалӣ гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2014» муҳокима шуд.

Апрель 23, 2012 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад