Ба шаҳри Турсунзода корҷӯӣ оед
Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар» Зарина Саидова).- Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони корҷўй мерасонад, ки 27-уми апрели соли ҷорӣ соати 8.00 дар боғи фарҳангии шаҳри Турсунзода бо ибтикори раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор мешавад. Дар ярмарка зиёда аз 32 корхонаву муассиса иштирок намуда, 500 ҷойи кори холиро пешниҳод менамоянд, ки маоши онҳо аз 200 то 1380 сомонӣ мебошад. Ба касоне, ки ягон тахассус надоранд ва иштиёқманди омўхтани касбу ҳунаранд, ба онҳо барои омӯзиш дар курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ роҳхат дода мешавад. Ташкилоту корхонаҳое, ки бо Федератсияи Русия ва дигар давлатҳои хориҷӣ шартномаи корӣ доранд, низ метавонанд дар ярмарка ширкат варзанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






