Баланд бардоштани мавқеи Парлумон дар ҷараёни буҷетӣ

Апрель 24, 2012 11:40

Душанбе, 24 апрел.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- “Пешрафти татбиқи Стратегияи идораи давлатӣ ва Стратегияи идораи молияи давлатӣ”- таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, парлумон ва дигар ниҳодҳои мамлакат иштирок доштанд. Вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар иқдоми ҷиддиро дар доираи маҷмӯи барномаҳои ислоҳотӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дастури кори худ қарор додааст. Таъкид шуд, ки яке аз мақсадҳои муҳими рушди миллии Тоҷикистон ташкили системаи самараноки идораи давлатӣ ҳамчун асос дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва паст кардани сатҳи камбизоатист. Дар доираи барномаи ислоҳотӣ инчунин системаи идораи молияи давлатӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад, ки он баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофиятро талаб менамояд. Муваффақияти татбиқи ислоҳот дар ҷумҳурӣ, асосан ба такомули шохаи қонунгузории давлат вобаста аст.Мақсади чорабинӣ аз тақвияти иқтидори парламент ҷиҳати воқиф намудани вакилон аз ҷараёни татбиқи ислоҳоти давлатӣ иборат аст.

Апрель 24, 2012 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад