Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Муғулистон
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Муғулистон Тсаҳиагийн Элбегдорж барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:«Ҷаноби Олӣ, Басо шарафмандам, ки ба муносибати бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Шуморо самимона муборакбод намуда ва орзӯҳои беҳтаринро иброз дорам. Мутмаинам, ки муносибатҳои хуби дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиде, ки тайи ин солҳо байни ҳар ду мамлакат ба миён омадаанд, минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон ва манфиатҳои таҳкими минбаъдаи сулҳу суботи фазои васеи Осиё рушду густариш меёбанд. Мо барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ба ҳамкории минбаъдаи самарабахш бо дӯстони муғуламон ҳам дар чаҳорчӯбаи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки кишварҳоямон дар онҳо ширкат доранд, омодаем.Аминам, ки мо бо истифода аз таҷрибаи мусбати солҳои гузашта ва саъю кӯшишҳои муштарак метавонем ба шаклҳои мухталифи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Муғулистон суръати бештаре бахшем. Табрикотамро ба муносибати ин санаи фархундаи таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон бори дигар иброз дошта, ба Шумо, ҷаноби Президент, аз самими қалб тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва комёбиҳои нав ва ба халқи дӯсти Муғулистон сулҳу пешрафт ва шукуфоиро орзӯ менамоям».Дар ин бора дар дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






