Барқияи табрикотии Тсаҳиагийн Элбегдорж унвонии Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Муғулистон Тсаҳиагийн Элбегдорж унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:« Мӯҳтарам ҷаноби Президент,Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон аз номи халқи Муғулистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва халқи дӯсти тоҷикро самимона муборакбод менамоям. Аминам, ки муносибатҳои мутақобилан муфиду дӯстона ва ҳамкории байни мамлакатҳоямон минбаъд хам ба нафъи халқҳои Муғулистону Тоҷикистон рушду густариш меёбанд.Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, Аълоҳазрат Ҷаноби Президент, тансиҳатии нек, саодат ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон шукуфоиро таманно дорам».Дар ин бора дар дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






