Бар асари сел 400 хонаи истиқоматӣ зарар дид
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари омадани сел 28 ва 29 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияҳои Спитамен, Ваҳдат, Ёвон, Мӯъминобод, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ бисёр ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуданд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ, 82 хонаи истиқоматӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ, як трансформатор, масофаи 60 метри сарбанди обанбори шаҳри Кӯлоб зарар диданд. Офати табиӣ дар ноҳияи Мӯъминобод қариб 200 хонаи истиқоматиро хароб намуд. Дар ноҳияи Восеъ 52 ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 43 хонаи истиқоматӣ осеб дидааст. Оилаҳои зарардида ба ҷойҳои бехатар кӯчонида ва ба онҳо ёрии таъҷилӣ расонида мешавад.Алҳол гурӯҳи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ оқибати ҳолатҳои фавқулоддаро бартараф менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






