Барномаи миллии тарзи ташаккули солим
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- «Соли сеюм аст, ки аз рӯи лоиҳаи «Дар бораи баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оид ба чорабиниҳои мубориза бар зидди вараҷа» фаъолият мебарем»,-иброз дошт директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим Гурез Азимов ба мухбири АМИТ «Ховар».Бино ба гуфти Г. Азимов, маркази мазкур соли 1999 таъсис ёфта аз соли 2000-ум дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сохторҳои худро таъсис додааст. Ҳоло маркази мазкур аз рӯи Барномаи миллии тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки мақсади он ташаккул додани тафаккури мардум оид ба тарзи ҳаёти солим мебошад.Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола тибқи ин лоиҳа дар арафаи 25-уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи вараҷа дар тамоми 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ амалиёти махсуси намоишҳои театрикунонидашуда оид ба бемории вараҷа гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






